30 Апрел 2022 - 19:19
Ҳизбуллоҳ: Амалиёти Ариел таъкиди Фаластин бар идомаи муқовимат то пирӯзии комил аст

Ҳизбуллоҳи Лубнон амалиёти муборизони фаластини дар шаҳраки саҳюнистнишин Ариелро ситоиш кард.

Шаби гузашта ду моборизи фаластинӣ дар амалиёти як нигаҳбони шаҳраки саҳюнистнишини Ариелро дар шимоли Каронаи Бохтарии руди Урдунро ба зарби гулула аз пой дароварданд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳизбуллоҳи Лубнон имрӯз шанбе дар баёнияе эълом кард, амалиёти Ариел собит мекунад, ки миллати Фаластин роҳи муқовимат ва муборизаро то озодии сарзамини худ ва таҳаққуқи пирӯзии комил дар баробари режими саҳюнисти ишғолгари Қудсро идома хоҳад дод.

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳ омада аст амалиёти қаҳрамононаи Ариел тасдиқкунандаи  азми мардуми муқовими Фаластин барои муқобила бо ишғолгари ва дифоъ аз худ ва муқаддасот бо тамоми имконот ва абзорҳои мавҷуд аст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, амалиёти шаби гузашта ва амалиётҳои қаҳрамононаи пеш аз он посухи муҷоҳидон ба тамоми ҳамалот ва юришҳои саҳюнистҳо ба шаҳрҳо ва маҳалаҳои фаластиниён буд ва нишон медиҳад, ки муқовимати фаластиниҳо то озодии сарзамини Фаластин идома хоҳад ёфт.

Баталёнҳои шуҳадои Ал-Ақсо шохаи низомии ҷунбиши Фатҳ сипас бо интишори баёния масъулияти ин амалиёти муборизони фаластини дар шаҳраки саҳюнист нишин Ариелро бар уҳда гирифт.

342/